Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ барои ба даст овардани Ҷоми Раиси вилоят баргузор мегардад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд.
Дар мусобиқа мардон дар вазни аз 60 то 81 килограмм ва духтарон дар вазни то 63 килограмм рақобат мекунанд. Дар назар аст, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ низ иштирок намоянд.
Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмулии бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.
Блоки рекламавӣ



