Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон –шаҳри Хоруғ Иди Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар доираи таҷлили Иди Меҳргон, дастовардҳои кишоварзони вилоят ва маҳсули ҳунарҳои дастии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба намоиш гузошта шуданд.
Иброз гардид, ки сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун дигар сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон, Меҳргонро, ки яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор мебошад, бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Таъкид гардид, ки Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва дорои беҳтарин арзишҳои умумибашарӣ ва тарбиявӣ мебошад.
Инчунин дар доираи таҷлили Меҳргон, як зумра кишоварзони вилоят ва намояндагону кормандони мақомоти шаҳри Хоруғ бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардиданд. Ҳамзамон аҳли санъат ва ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро пешкаши меҳмонон ва сокинони шаҳри Хоруғ гардониданд.

Иди Меҳргон дар Хоруғ
Блоки рекламавӣ


