Дар ноҳияи Хуросон бастани ақди никоҳ 58 ҳолат ва ҷудошавии оилаҳо 5 ҳолат дар 11 моҳи соли ҷорӣ кам шудааст.
Умарзода Раиса, мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии ноҳияи Хуросон ба “Фараҳ” иттилоъ дод, ки дар ин давра дар ноҳия 50 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат кам аст.
Ӯ иттилоъ дод, ки аз ин 42 ҳолат дар асоси ҳалномаи суд, 5 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзандони умумии ноболиғ надоранд ва 3 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон мебошад.
Номбурда афзуд, ки баъди ҷудошавии 50 оила 49 нафар фарзанд аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум монданд.
Ба гуфтаи Умарзода Раиса, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 645 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин низ 54 ҳолат кам шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь