Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон чор нафар шикорчиён, ки ғайриқонунӣ ба шикор машғул буданд, дастгир карда шуданд.
Аз Сарраёсати мазкур иттилоъ доданд, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти назорати давлатӣ нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо эҳсоси баланди масъулият ва ғамхорӣ нисбат ба табиат ҳолати шикори ғайриқонунии паррандагонро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки ин иқдом дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист равона гардида, ҳадафи он ҳифзи гуногунии биологӣ, нигоҳдории тавозуни табиӣ ва пешгирии аз нобудшавии олами ҳайвонот ва паррандагон мебошад.
Зимни санҷиш гуруҳи чорнафараи шикорчиён муайян гардида, нисбати онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда чораҳои дахлдори ҳуқуқӣ андешида шуданд,-гуфтанд аз ниҳоди мазкур.
Масъулон таъкид менамоянд, ки ҳар як сокин бояд бо эҳтиром ва ғамхорӣ ба табиат муносибат намуда, дар ҳифзи сарватҳои нодири табиии кишвар саҳми худро гузорад.

Хуросон: Шикорчиён дастгир шуданд
Блоки рекламавӣ


