Имрӯз зимни сафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Хуросон чанд иншоот ба истифода дода шуд ва ҳамзамон аз рафти сохтмони чанд иншооти дигар дидан кард.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Сабзазори ноҳияи Хуросон пойгоҳи обкашии “Расвет-6”-ро барои обёрӣ намудани 1000 гектар замин ба истифода доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа соли 2024 оғоз шуда, маблағи он 3 миллиону 100 ҳазор долларро дар бар мегирад.
Ҳамзамон Сарвазири кишвар ва раиси вилоят дар деҳаи ба номи Асадулло Неъмати ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон корхонаи хиштбарории ҶДММ “Самараи Хуросон”-ро ифтитоҳ намуданд.
Роҳбари ҶДММ “Самараи Хуросон” Назаров Маъруфҷон иттилоъ дод, ки масоҳати умумии Ҷамъият 5 гектару 60 сотихро дарбар гирифта, дар 3 гектари он корхона ва ҷойи хушк кардани хишт ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори корхона ҳамарӯза то 15 ҳазор хишти хомро дар бар мегирад. Дар сохтмони корхонаи хишт ва харидории таҷҳизоти нави замонавии хиштбарорӣ ба маблағи 8 миллиону 722 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст. Баъди ба истифода додани корхонаи хишт дар он 25 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб ба маблағи то 3000 сомонӣ таъмин мегарданд.
Зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо рафти корҳои сохтмонӣ сардхонаҳо барои 2000 тонна маҳсулот шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар заминҳои хоҷаггии ба номи “Асадулло” бо ғунҷоиши 2000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сохта шуда истодааст. Масоҳати умумии хоҷагии мазкур 16 ҳазор гектарро ташкил дода, дар майдони зиёда аз 1027 гектар дарахтони меваҳои хушсифат ва боғҳои ангур ташкил гардидааст.
Сардхона бо маблағи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аз ду қисмат ва 10 утоқ бо ғунҷоиши ҳар кадом бо иқтидори 200 тонна маҳсулот ба ба нақша гирифта шудааст. Баъди ба истифода додани сардхона 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь