Якуми октябри соли 2025 дар ноҳияи Хуросон бо иштироки сокинон ва падару модарони даъватшавандагон чорабинии гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Суризода Носир – раиси ноҳияи Хуросон суханронӣ намуда, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ибрози ақида намуданд.
Дар рафти чорабинӣ ба 70 – нафар даъватшаванда шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
Бояд зикр кард, ки дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Хуросон нақшаро 100 – % иҷро кард.

Хуросон ҳам нақшаи даъватро иҷро кард
Блоки рекламавӣ


