Бо гирифтани ахбороти оперативӣ ва коркарди он кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Хуросон як ҳолати ташкили қиморхона дар манзили истиқоматиро дар ҳудуди деҳаи Пахтаободи ҷамоати Ҳилолии ноҳия ошкор намуданд.
Шаҳрванд Эшонов Тоҷиддин Хурамович соли таваллудаш 1983, сокини деҳаи Пахтаобод, ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ бо мақсади ташкил ва нигоҳдошти қиморхона ва бозӣ бо бурди пулӣ, аз аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ барои сокинони ноҳияҳои Хуросон ва А. Ҷомӣ дар як ҳуҷраи манзили истиқоматиаш, ки дар суроғаи болозикргардида ҷойгир мебошад, барои қиморбозии ғайриқонунӣ шароит фароҳам намуда, маблағҳои пулӣ ба даст овардааст.
Нисбати Эшонов Т.Х. барои ташкил ва нигоҳдории қиморхона бо моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Нисбати иштирокдорони зерини ин амали ғайриқонунӣ:
-Қурбонқулов Ҷамолиддин Ноилович соли таваллудаш 1991;
-Бердиев Зубайдулло Одинаевич соли таваллудаш 1979;
-Гулмирзоев Олимхон Холович соли таваллудаш 1989;
-Бобишозода Шералӣ Мардон соли таваллудаш 1994;
-Норов Турдиқул Ҳасанович соли таваллудаш 1981;
-Ҳаитов Усимқул Ҳусейнович соли таваллудаш 1970;
-Аймаков Акбархуҷа Абдусаторович соли таваллудаш 1991;
-Шоимов Алишер Илданқулович!соли таваллудаш 1985;
-Намозов Сафарбек Тағойхонович соли таваллудаш 1964;
-Ҳайдаров Сафарбек Турсунович соли таваллудаш 1971;
-Раҷабов Кароматулло Ҳусейнович соли таваллудаш 1978;
-Бурихонов Урозалӣ Ашурқулович соли таваллудаш 1995;
-Хоҷаназаров Нурмаҳмад Буриевич соли таваллудаш 1979;
-Бобоев Ҷаҳонгир Насимович соли таваллудаш 1992, сокинони ноҳияи Хуросон.
-Гадоев Парвиз Сафовудинович соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи А. Ҷомӣ барои машғул шудан ба қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ва таъини ҷазо аз рӯйи тобеъият ба мақомоти суд ирсол карда шуд.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь