Дар ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси вилоят Давлатлӣ Саид хати оби нушокӣ ифтитоҳ шуд, ки баъди он 129 оила (1031 нафар) ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
11 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон хатти нави оби нӯшокиро дар деҳаи Фурӯғдеҳи деҳоти Ҳилолӣ ба истифода доданд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин лоиҳаи муҳим сокинони деҳа аз оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Хатти оби нӯшокӣ бо дастгирии молиявии лоиҳаи 9421 “Намоиши коркарди ғайриҳароратии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ шудааст. Чуқурии чоҳ 200 метр, шабакаҳои тақсимоти об 1700 метр буда, 129 оила (1031 нафар) ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки таҳкими шабакаҳои обрасонӣ дар ноҳия минбаъд низ идома ёфта, барои беҳтар намудани сифати зиндагии сокинон тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь