Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) берун кардани даҳҳо ҳазор фаластинӣ аз се урдугоҳи паноҳандагонро аз сӯи артиши Исроил “ҷинояти ҷангӣ” ва “ҷиноят алайҳи башарият” гуфт. Ба гуфтаи ин созмон, ин гуруҳи фаластиниҳо аввали соли 2025 аз се урдугоҳ дар Каронаи Бохтарӣ берун гардидаанд.
Дидбони ҳуқуқи башар 20-уми ноябр дар баёнияе гуфт, 32 ҳазор фаластинӣ моҳи январ дар ҷараёни амалиёти “девори оҳанин” тавассути неруҳои Исроил овора гардидаанд. Оворагонро ҳуқуқи бозгашт намедиҳанд ва садҳо хона вайрон шудааст.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар хостори иқдомоти фаврии байналмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомҳои исроилӣ ва “таваққуфи нақзи бештари ҳуқуқи фаластиниҳо” гардид.
Артиши Исроил ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, зерсохтҳои ғайринизомиро аз рӯи “ночорӣ” тахриб кардаанд, то низомиён аз онҳо “сӯистифода” накунанд. Бо ин ҳол артиши Исроил аниқ накардааст, ки сокинони ин урдугоҳҳо кай метавонанд ба маҳалли иқомати худ баргарданд.
Ин созмони ҳомии ҳуқуқи башар хостори иқдомоти фаврии байналмилалӣ барои посухгӯ кардани мақомҳои исроилӣ ва “таваққуфи нақзи бештари ҳуқуқи фаластиниҳо” шуд.

Human Rights Watch: Ихроҷи фаластиниҳо “ҷинояти ҷангӣ” аст
Блоки рекламавӣ


