Дар шаҳри Хуҷанд аз вайрон кардани як масҷиду мақбараи қадима нигарон ҳастанд. Мақбараи Ҳазрати Бобо, ки гуфта мешавад, таърихи 800 сола дорад ва масҷиде дар паҳлӯи он сесад сол пеш бунёд шудааст.
Сокинони атрофи он ва дӯстдорони ин ёдгориҳои таърихӣ мегӯянд, ки дар давраи Шӯравӣ ин мавзеъ беэътибор карда шуд ва талошҳои эҳёи он баъд аз истиқлол босамар набуданд. Бо умеди ободии мақбара яке аз пайвандони ин рӯҳонӣ дар он мавзеъ зиндагӣ мекунад ва интизор аст, ки рӯзе ҳамроҳи ҷамоат намоз мегузорад.
Муҳиддин Файзуллоев, таърихшинос, мардумшинос мегӯяд: “Ман ба он шахсоне дар ҳайрат мемонам, ки чунин ҷойҳои муқаддаси моро зери по мекунанд. Намехоҳанд онро ҳифз кунанду фаҳманд. Онҳо ҳам айбдор нестанд, зеро дар давраи тӯлонии солҳои Шӯравӣ муқаддасоти миллии ҳар як миллатро барҳам доданд. Дар Русия калисоҳо ва дар мо масҷидҳоро.”
Рӯҳонии шинохта ва олими дин Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандӣ, дар охири асри 11 ва аввали асри 12 дар ҳамин макон зиндагӣ кардааст. Масҷиду Мақбараи Ҳазрати Бобо дар асри 13 сохта, аввалин намози ҷамоат дар инҷо, бино ба ривоятҳо, ҳанӯз 850 сол пеш хонда шудааст. Аммо масҷиди васеъ дар садаи 18 бунёд гардидааст. Дар паҳлӯи масҷид кулбае ҳаст, ки яке аз авлодони ин шахсияти рӯҳонӣ зиндагӣ мекунад.
Алихон Охундзода, Имоми масҷиди Ҳазрати Бобо гуфт: “Охирин бор соли 1929 дар ин масҷид намози пешинро хондаанд. Ман аксашро дидаам, ҳама салла баста буд. Баъди он губернатор намозхониро дар ин масҷид манъ кардааст. Ҷойи масҷид қисми ҳарбӣ шудааст. Вақте манро ба инҷо оварда монданд, сеякашро таъмир карда 10 сол намоз хондем.”
Хабар пахш шуда буд, ки тармими ин мавзеи таърихӣ шурӯъ мешавад, вале то ҳанӯз дар инҷо корҳои сохтмонӣ ба мушоҳида намерасанд. Як манбаъ аз идораи меъмории вилояти Суғд гуфтааст, ки тарҳи бозсозӣ дар ҳоли баррасист ва он бояд имсол рӯи кор ояд.
Моҳи январи соли 2018 масъулони созмони ЮНЕСКО Муассисаи Илм ва Фарҳанги Созмони Милал бо Раҷаб Аҳмадзода раиси вилояти Суғд мулоқот ороста, аз ин мазор ва масҷиди қадима дидан карданд. Дар он сол мутахассисони ЮНЕСКО се макони таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла ёдгории Ҳазрати Бобо Камоли Хуҷандиро сабт карда, барои дубора эҳё кардану обод намудани ин мавзеъ сӯҳбат намудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь