Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, сохтмони якчанд иншооти соҳаи тандурустӣ идома дорад. Дар ин маврид аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Дар айни замон дар шаҳр бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1, бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ва бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд идома дорад.
Бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд аз 6 ошёна иборат буда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, дар он 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷой мегиранд.
Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат карда, дорои шуъбаҳои эҳё, муолиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар кишварҳои пешрафта таҷриба мегиранд, фаъолият хоҳанд кард.
Бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд низ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат меафрозад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь