29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро бо майдони футбол ба истифода дода, ба бозиҳои варзишии гурӯҳи ҷавонони вилояти Суғд шинос шуданд.
Маҷмааи варзишӣ дорои 11 толори барҳаво мебошад, ки толори калонии 1000 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад. Минбаъд имкон пайдо шуд, ки наврасону ҷавонон аз руи 14 намуди варзиш тамрин намоянд. Ин аввалин маҷмааи варзишӣ дар ҳудуди вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дорои имкониятҳои васеъ барои машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш аст ва акнун барои гузаронидани мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мутобиқ ба талабот имкон пайдо шуд.
Иншооти муҳташами варзишӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шудааст.
Варзишгоҳи маҷмаа 3000 ҷойи нишаст дошта, ҳамчун базаи моддию техникии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд истифода мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь