Лоиҳаи васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳри Хуҷанд рӯнамоӣ шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуда, дар баробари бунёди иншооти таъиноташ гуногун ба масъалаи навсозӣ ва васеъ намудани роҳҳои мошингард таваҷҷуҳи бештар равона шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо лоиҳаи васеъсозии роҳи хиёбони ба номи Рифъат Ҳоҷиев шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи лоиҳа паҳноии ин роҳ 6 метр васеъ ва корҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки танбашавии нақлиёт коҳиш ёбад ва рафту омади мардум осон гардад.
Роҳбари вилоят дастур дод, ки корҳои ободонӣ мувофиқ ба талаботи замон ва тибқи меъёрҳои мавҷуда анҷом дода шавад.
Солҳои охир бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт зарурати навсозии роҳҳои мошингард ба миён омада, дар шаҳри Хуҷанд марҳила ба марҳила хиёбонҳои шаҳр мутобиқ ба талаботи имрӯз навозӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь