Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрели соли 2025 дар вазифаи оператор-хазиначӣ ба ҶСП «Мелодиён» минбаъд роҳбари нуқтаи хизматрасонӣ кор карда истода, моҳҳои сентябр ва октябри соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои дар ихтиёраш буда, 30 ҳазору 995 сомониро аз номи худ ба бозиҳои бурднок шартбандӣ ва бозӣ намуда, такроран 14 ҳазор сомониро аз ҳамёни мобилии «Душанбе Сити»-и ҷамъият гирифта, азонихуд намуда, ба ҶСП-и мазкур дар умум 44 ҳазору 955 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь