Дуюми сентябри соли равон як сокини 26-солаи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Сир афканд. Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании нгазди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд фаврӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
Онҳо духтари 26-соларо дар ҳоли ғарқ шудан аз марг наҷот доданд. Ҳоло ӯ ба бемористони марказии шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта, вазъи саломатиаш хуб арзёбӣ шудааст. Сабаби қасди худкушӣ маълум нест. Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иллатҳои даст ба ин иқдом задани ҷавондухтарро тафтиш мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь