Имрўз дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд бо иштироки сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ маросими муаррифии мудири тозатаъини шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мутобиқи фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Мақсудзода бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озод гардида, дар мувофиқа бо шаҳрдорӣ Мадина Салимзода ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь