“Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи истиқоматии бисёрошёнаи «Темурмалик» сохта мешавад. Бунёди ин иншоот бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи таҷрибаи беҳтарини меъморӣ идома дорад” – хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд.
Ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмон тамоми талаботи замон ва шароити мусоид барои сокинон ба назар гирифта шуд. Дар маҷмаа натанҳо манзилҳои истиқоматӣ, балки инфрасохтори пурра барои зиндагӣ ва фароғати сокинон низ пешбинӣ гардид. Аз ҷумла, ҳавзи шиноварии пӯшида, ҳаммом, толори фитнес, таваққуфгоҳи пӯшида, боғчаи кӯдакона, майдончаҳои бозии кӯдакон, мавзеи фароғати калонсолон ва ҷойи истироҳати аҳолӣ.
Масоҳати умумии маҷмаа 18 ҳазор метри мураббаъ аст. Лоиҳа манзилҳои як, ду, се, чор ва панҷҳуҷрагиро фаро мегирад, ки масоҳаташон аз 50 то 330 метри мураббаъ мебошад. Дар маҷмуъ, ба сокинон 650 хонаи замонавӣ пешниҳод мегардад. Корҳои сохтмонӣ моҳи декабри соли 2024 оғоз ёфта, тибқи нақша, моҳи декабри соли 2030 бояд ба анҷом расанд.

Хуҷанд: Маҷмааи бисёрошёнаи «Темурмалик» бунёд мегардад
Блоки рекламавӣ


