Фазлиддин Ахмедов як тан аз соҳибкорони шаҳри Хуҷанд аст. Ба наздикӣ ӯ аз ихтирои навбатиаш, ки марбут ба пешгирии коронавирус аст, хабар дод. Ӯ зимни тамошои чанд навор ба қароре омад, ки алайҳи Covid -19 кабинаи махсуси безарардонӣ созад.
Тавре ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони маҳалли “7 ситора” гуфтааст, ин таҷҳизотро давоми 4 рӯз сохта ба итмом расондааст.
– Барои сохтани кабина 5 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Онро метавон дар даромадгоҳи дилхоҳ бино кор фармуд, – мегӯяд Фазлиддин Ахмедов. – Маҳлулҳои безараркунанда, ки аз деворҳои болоии кабина пош мехӯранд, ҳамагӣ давоми 6 сония сарулибоси одамро безарар мегардонад, – тарзи кори кабинаро эзоҳ дода илова кард ӯ, – безараргардонии беш аз ҳазор нафар ҳам ба иқтидори он рост меояд.
Ихтироъкор мегӯяд, ки агар ширкатҳои номӣ аз кабина бихаранд, ӯ иқдоми дигареро низ пеш мегирад. Аз номи онҳо ба дигар ҷойҳои ҷаиъиятӣ ва корхонаҳои ниёзманд тӯҳфа хоҳад кард.