Бистуми августи соли равон, шаҳрванд Баёнов Хушқадам Абдухалилович, истиқоматкунандаи деҳаи Хоҷаҳо, ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи ноҳияи Деваштич ҳангоми оббозӣ дар рӯди Сир ғарқ шуд. Имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расида, ӯро наҷот доданд. Хушқадам бистсола буда, сабаби ғарқшавиаш надонистани қоидаҳои шиноварӣ буд.
Худи ҳамон рӯз шаҳрванд Холназаров Фахриддин Акмалович, соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандаи деҳаи Навкент, ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сир ғарқ гардид.
Ӯро низ имдодагарони Раёсати Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз марг наҷот доданд. Дар ин маврид маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.

Хуҷанд: Ду ғарқшударо наҷот доданд
Блоки рекламавӣ


