Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид, аз ҷараёни сохтмони як қатор иншоот ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.
Нахуст аз рафти бунёди бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд боздид карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки фармоишгари иншоот Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмони Истиқлол» мебошад.
Бино аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ барои кормандон, толорҳои конфронсӣ, толорҳои намоиш, ошхона ва ғайра ҷойгир мегардад.
Мавриди зикр аст, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар самти ташкил ва баргузор намудани намоишгоҳҳои минтақавию ҷаҳонӣ, муаррифии молу маҳсулоти Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, дарёфти шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ хеле нақши муҳим дорад.
Дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди бинои Суди вилояти Суғд низ бомаром идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, пудратчӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Бино аз таҳхона ва 7 ошёна иборат буда, дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар шароити зарурӣ барои кормандони мақомоти Суди вилоят фароҳам оварда мешавад.
Лоиҳаи иншоот мутобиқ ба талаботи замон таҳия гардида, он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгардида бунёд мегардад.
Бо мақсади омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити беҳтарини таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бунёди Маркази зеҳни сунъӣ ва “IT park” идома дорад.
Иншооти мазкур дорои маҷлисгоҳ бо 700 ҷойи нишаст, “IT park, осорхона, ҳамчунин толорҳои хурди ҳимояи корҳои илмӣ буда, имкониятҳои васеъ барои рушди илму технология фароҳам хоҳад овард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба роҳбарияти донишгоҳ ва масъулин дастур дод, то сохтмон бо сифати баланд анҷом дода шуда, марказ бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ таъмин гардад.
Дар бора Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь