18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави маъмурии Минтақаи озоди иқтисодии Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 100 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 100 бинокори маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Маъмурият аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ҷойгир аст. Ошёнаҳои болоӣ дорои толори маҷлис, ҳуҷраҳои роҳбарият ва ёрирасон буда, бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар бино толори алоҳидаи хизматрасонӣ мавҷуд аст, ки дар он соҳибкорон бо истифода аз шабакаи интернет аз хизматрасониҳои алоҳидаи саноатӣ истифода мебаранд, аз ҷумла, дархости хизматрасонии худро тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд.
Дар саҳни бино намунаи маҳсулоти 48 корхонаи Минтақаи озоди иқтисодии Суғд ба намоиш гузошта шуд.
Таҷҳизот ва маснуоти гуногун, ки дар корхонаҳои истеҳсолии ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ коркард ва тавлид мегарданд, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон (Made in Tajikistan) ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ пешниҳод мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь