“Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар назди Беморхонаи клиникавии №1 бинои инноватсионӣ бунёд мегардад” – хабар доданд аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.
Бино аз ҳафт ошёна иборат буда, дорои 260 кат мебошад. Дар бинои инноватсионии беморхона, усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда мешаванд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин тавонмандиҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила рӯ овардани беморон ба хориҷи мамлакат камтар гардад.
Блоки рекламавӣ