Дар шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонии Муассисаи давлатии “Қароргоҳи Сарвари давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардида, лоиҳаи иншоот бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба меъмории муосир татбиқ мегардад.
Маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳ, ки дар маркази шаҳри аст, барои қабулу гусели меҳмонони расмӣ низ мувофиқ мебошад. Тибқи лоиҳа, дар ҳудуди қароргоҳ бунёди меҳмонхона, осорхона ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шавад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни боздид Раиси вилоят супориш дод, ки ба рангу бори намои биноҳои мавҷуда, аз ҷумла бинои Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар рӯ ба рӯи қароргоҳ қарор дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад. Таъкид гардид, ки ҳангоми таъмиру навсозии иншооти мавҷуда бояд аҳамияти таърихӣ ва намои аслии онҳо ҳифз гардад.
Бо ҳадафи боз ҳам вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд ба масъулин супориш дода шуд, ки иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ таҳти назорати доимӣ қарор гирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь