Дар водии дарёи Ёхсуи ноҳияи Ховалинг экспедитсияи байналмилалии геологӣ-бостоншиносӣ доир шуд, ки дар натиҷа бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст.
Экспедитсияи байналмилалии геологӣ-бостоншиносӣ бо иштироки ходимони шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти ҷуғрофияи Академияи илмҳои Руссия ва факултаи география ва уқёнусшиносии Донишгоҳи Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт.
Ҳафриёт тақрибан дар 10 метри мураббаъ гузаронида шуда, қабати дорои осори маданиро бо ғафсии 2,5 метр ошкор намуд, ки дар он 31 артефакти сангин пайдо шуд. Артефактҳо аз як нуклеуси навъи радиалӣ, парахаҳо, парахаҳои дарозшакл, нӯгтез ва шикастпораҳо иборат буданд. Ба гурӯҳи асбобҳо аз рӯи типология метавон чанд намунаи коркардшударо дохил кард, аз ҷумла ду харошаки белчамонанд бо нишонаи коркарди дуюмдараҷа ва табари дастӣ бо канори тезу дароз ва корд, ки аз параха сохта шудааст. Барои пора кардани санг одамон сангҳои дарёгӣ (зароған)-ро истифода мебурданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь