Аз нашриёти «Адиб» хабар доданд, ки китобҳои «Яке аз ҳазорон»-и Чоршанбеи Деҳнавӣ, «Қумрӣ шишту шоҳин парид»-и Шодӣ Солеҳ, «Ҳунар ва сарнавишти мо»-и Толибҷон Бобоев ва «Хотироти театрӣ»-и Ортиқ Қодир аз чоп баромаданд.
Китобҳо дар доираи амалисозии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» чоп шудаанд.
Дар китоби «Яке аз ҳазорон» маҷмуаи ҳикояҳои адиби тоҷики муқими Ӯзбекистон Чоршанбеи Деҳнавӣ ва дар китоби «Қумрӣ шишту шоҳин парид» драмаҳои Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шодӣ Солеҳ нашр шудаанд, ки бештарашон дар шакли танзу мазҳака мебошанд.
Аз китоби «Ҳунар ва сарнавишти мо»-и Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Толибҷон Бобоев портретҳои эҷодӣ ва хотироту ёддоштҳои навро хонанда метавонад мутолиа намояд.
Дар китоби «Хотироти театрӣ» қиссаю хотироти ҷолибу дилнишини Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ба қалам омадаанд, ки бешак диққати хонандаю ҳаводори ин ҳунарманди асилро ҷалб менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь