Дар шаҳри Хоруғи ВАБК корхонаи истеҳсоли макарон, 13 нуқтаи партовгоҳи муосир ва девори муҳофизатӣ бо масофаи 113 метр сохта мешаванд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар додаанд.
Зимни муаррифии тарҳи лоиҳаҳои нави сохтмонӣ гуфта шуд, ки корхонаи истеҳсоли макарон имконият медиҳад дар оянда дар шаҳр маҳсулоти ғизоӣ бо сифати баланд истеҳсол шавад. Амалӣ шудани ин лоиҳа боиси фароҳам гардидани ҷойи нави кор ва таъмин намудани бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти ватанӣ аст.
Сохтмони 13 нуқтаи партовгоҳи муосир дар беҳсозии муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи санитарии шаҳр нақши муҳим дорад.
Бунёд гардидани девори муҳофизатӣ бо масофаи 113 метр дар маҳаллаи “Гулмамад” ба ҳифзи аҳолӣ аз хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти иҷтимоию иқтисодӣ ҳисса мегузорад.

Хоруғ: корхонаи истеҳсоли макарон
Блоки рекламавӣ


