Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ дар остонаи таҷлили Рӯзи Конститутсия коргоҳи нави қаннодӣ ва қаҳвахонаи замонавии «Асал» ба истифода дода шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи қаннодӣ гуфта шуд, ки таъсиси чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат мекунад, балки ҷойҳои нави кор низ фароҳам меорад.
Қаҳвахонаи «Асал» бо тарҳи замонавӣ, сатҳи баланди хизматрасонӣ ва интихоби васеи хӯроку нӯшокиҳои сарду гарм бунёд шудааст. Дар коргоҳи қаннодӣ маҳсулоти гуногуни қаннодӣ – аз нону кулчақандҳои гуногуни хуштаъм то шириниҳои миллӣ ва аврупоӣ истеҳсол мегардад.
Таъсиси чунин нуқтаҳои хизматрасонӣ қадами муҳим дар рушди соҳибкорӣ ва дастгирии истеҳсолоти ватанӣ мебошад.

Хоруғ: Коргоҳи қаннодӣ ва қаҳвахонаи «Асал»
Блоки рекламавӣ


