На-на, ин маҷаллае, ки як замоне дар пӯстини амалдорону мансабдорон дар замони Шӯравӣ кайк меандохт, ҳаргиз баста нашуда буд, балки новобаста аз шароити сангини иқтисодӣ, беқадр шудани матбуоти чопӣ бо маоши “хӯру намур”, ҳамеша нафас мекашид.
Вазорати фарҳанги ҶТ дар муқоиса бо дигар вазоратҳо фарзанди баркамолашро ҳаргиз нияти куштану фаромӯш кардан надошт. Дар ҳоле дар чандин вазоратҳою кумитаҳо нашрияҳои соҳавӣ “бинобар набудани маблағ” баста гардиданд ё дар моҳе, дар нимсолае, дар соле як маротиба рӯйи чопро медиданд. Бадбахтона, ин дард ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам сироят карда буд: Дар баъзе аз ноҳияҳою шаҳрҳо нашрияҳои маҳаллӣ дар соле як маротиба ё ду маротиба нашр мешуданд ва бинобар набудани хабарнигорони касбӣ, кормандони техникии таҷрибадор бо сифати пасту хира ба дасти хонанда мерасиданд.
Ва ниҳоят ба сари “қудрат” дар маҷаллаи “Хорпуштак” шахси кордону комёр, шоири нотакрор, инсони шарифу оқил, мураббии садҳо ҷавонони эҷодкор Хайрандеш омад. Ҳа, омад, вале дар замоне ки баъди овозадор кардани нашрияи кӯдаконаи “Пайрав” бо баҳонаи нафақа аз вазифа дур шуда буд.
Хайрият дар вазорати фарҳанги ҶТ шахси фозиле пайдо шуду ӯро ба сӯйи масҷиду бекорӣ раҳо накард. Масъулияти маҷаллаи “Хорпуштак” -ро ба зиммааш гузоштанд. Ҳафт шумораи имсол чопшудаи “Хорпуштак” гувоҳи он аст, ки он оҳиста-оҳиста мавқеи худро пайдо мекунад. Бо сифати баланд, бо мавзӯъҳои дардхӯри ҷомеа бо ҳамон шару шӯри солҳои Шӯравӣ дубора ба майдон мебарояд.
Роҳат кушоду бобарор ва ҳар неши ту марҳами бебаҳо барои ҷомеа шавад “Хорпуштак!



