Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи тиббии Хатлон, ки аз муассисаҳои таълимии тозатаъсисанд, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ сол ба сол зиёд мегардад.
Як сабаби омадани хориҷиён барои таҳсил ба ин донишгоҳҳои берун аз пойтахт, шаҳри Душанбе он будааст, ки ҳайатҳои онҳо дар берун аз кишвар низ барои ҷалби донишҷӯ таблиғот мекунанд. Ҳоло 230 донишҷӯи хориҷӣ дар ду донишгоҳ таҳсил доранд.
Шукрулло Хайрзода, раиси донишгоҳи Данғара гуфтааст: “Дар донишгоҳ 220 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил доранд. Як нафар аз Руссия, шаш нафар аз Туркманистон ва 213 нафари дигар аз Ӯзбекистон рӯзонаву ғоибона таҳсил мекунанд.”
Намояндагони Донишгоҳи давлатии Данғара барои таблиғ ба Ӯзбекистон рафта будаанд. Дар Донишгоҳи тибби Хатлон омӯзгорон аввал забони англисӣ омӯхтаанд. Роҳбарони Донишгоҳ мегӯянд талош доранд, ҳамаи омӯзгорон забонҳои хориҷиро донанд. Ҳоло тибқи шартномаи ҳукуматӣ донишҷӯён ба ин ҷо аз Ҳиндустон ва кишварҳои арабӣ шомил мешаванд.

Хориҷиён барои таҳсил ба Данғара мераванд
Блоки рекламавӣ


