Милан Миланович, мутахассиси 63-солаи сербиягӣ, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Александр Крестинин, мутахассиси 47-солаи русро, ки шартномааш бо дастаи “Хуҷанд” моҳи декабри соли гузашта ба поён расид, иваз кард.
Миланович хатмкардаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Белград буда, дорои муҷаввиз ё литсензияи UEFA PRO аст. Ӯ дар футболи ҳирфаӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Солҳои гуногун дастаҳояш дар мусобиқоти интихобии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА, Лигаи Аврупо ва Лигаи конференсияҳои УЕФА бозӣ кардаанд.
Дар мавсими 2013/2014 Миланович беҳтарин мураббии Суперлигаи Сербия эътироф гардид.
Миланович солҳои мухталиф бошгоҳҳои футболи Сербия, Босния, Венгрия (Маҷористон), Ҷазираҳои Фарер, Арманистон, Молдова ва Қазоқистонро роҳбарӣ кардааст. Охирин ҷойи кори ӯ дастаии футболи «Мезёкёвешд»-и Маҷористон дар соли 2024 буд.
Ба ғайр аз ин, дастаи футболи «Ҳосилот»-и Фархор таъйин шудани сартренери навро эълон намуд. Даста ба уҳдаи мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шамсиддин Қосимови 33-сола гузошта шуд. Ӯ дар ин вазифа Зайниддин Раҳимов, мутахассии маъруфи 60-солаи тоҷикро, ки шартномааш бо дастаи “Ҳосилот” охири мавсими гузашта ба охир расид, иваз намуд.
Қосимов солҳои ахир сартренери дастаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон – КМВА (Клуби марказии варзишии артиш) – буд. Дар комёбии дастаи низомиён, ки соли 2025 барандаи медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардид, саҳми Шамсиддин Қосимов калон аст.
Дар ҳамин ҳол қаҳрамони ҳозираи Тоҷикистон – “Истиқлол”-и Душанбе – дар ҷустуҷӯи сармурабии нав аст. Ёдовар мешавем, дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко, фарзанди бозингари маъруфи “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, аз вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе рафт.
Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон 6-уми март бо мусобиқаи дастаҳои лигаи олӣ оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол равзанаи гузариши футболбозон ҷараён дорад, ки то 5-уми март идома мекунад. Дар ин муддат дастаҳо метавонанд бозигарони нав қабул кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь