Дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент илова ба нақшаи бунёди иншооти таъиноти гуногун ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баробари 109 фоиз ба иҷро расидааст, корҳои бунёдкорию созандагӣ вусъат меёбад.
Зимни сафари корӣ ба деҳоти Лоиқ Шералӣ раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода яке аз ин иншоотҳо – пули мошингузар дар деҳаи Баҳор, мавриди истифода қарор дода шуд. Ин пул бо дарозии 12 ва паҳноии 9 метр бо харҷи 340 ҳазор сомонӣ саҳмгузории сокинони деҳа сохта шуда, ҳамчунин 340 метр роҳи ду тарафи он мумфарш карда шудааст.
Дар идомаии сафари корӣ бо рафти бунёди пул дар маҳаллаи нави деҳаи Навобод шинос шуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳо ба масъулин дастур дода шуд. Ин пул бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони маҳалла сохта мешавад.
Зимни боздид аз рафти бунёди маркази ташхису табобат, ки бо маблағгузории соҳибкор Иззатулло Худойбердиев сохта мешавад, мағозаи хурокворӣ аз ҷониби соҳибкор Мубаррой Эгамова, коргоҳи истеҳсоли трансформатор дар деҳаи Ғӯсар шинос шуда,ба онҳо барои дар мӯҳлати муқарраршуда бо сифати хуб анҷом додани корҳо дастур дода шуд.

Холиқзода дар Баҳору Навобод
Блоки рекламавӣ


