Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ аз маъмурони милиса ва нозирони роҳ дар шаҳри Панҷакент хостааст, бо мардум хушмуомилаву нарм бошанд ва дағаливу бадрафторӣ нанамоянд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи даҳуми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, генерал Маҳмадсафар Пирзода аз афсарону маъмурони милисаи шаҳри Панҷакент хостааст, ҳангоми иҷрои вазифа манфиати давлату ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд ва аз ҳадди ваколати хидматӣ нагузаранд.
Блоки рекламавӣ



