Вазири кишоварзии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмонов бо чанд ширкатҳои Чин гуфтушунид кард. Дар натиҷаи он дар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ду ҷониб ба мувофиқа расиданд.
Дар маҷмӯъ, шарикони Чин омодаанд, ки ба ин ташаббусҳо беш аз 550 миллион доллар сармоягузорӣ кунанд. Ин маълумот дар канали Telegram-и вазорати кишоварзии Ӯзбекистон нашр шудааст. Аз ҷумла ширкати маъруфи хитоии China Broad Future Tobacco International Import and Export Trading ният дорад, ки дар Ӯзбекистон ба парвариш ва коркарди таммоку машғул шавад. Ҳамкорӣ дар ин соҳа истифодаи заминҳоро дар вилоятҳои Хоразм, Самарқанд ва Тошканд дар назар дорад, ки дар он ҷо дар ҳамкорӣ бо деҳқонони маҳаллӣ хитоиҳо ният доранд тақрибан 2 ҳазор гектар таммоку кишт кунанд. Соли оянда сохтмони корхонаи тамоку оғоз меёбад, ки метавонад дар як сол то 3 ҳазор тонна ашёи хомро коркард кунад. Тибқи еддошти шарикӣ, ки байни соҳибкорони Чин ва Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон баста шудааст, ҳаҷми сармоягузорӣ ба лоиҳа 150 миллион долларро ташкил медиҳад.



