ХБФ изҳор дошт, ки дар сафорати Бритониё дар Маскав корманди хадамоти махсуси Бритоние таҳти ниқоби пинҳонӣ кор мекард. Дэвис Гарет Самюэл, котиби дуюми шӯъбаи маъмурию хоҷагии сафорат буд. Вай аз аккредитатсия маҳрум карда шуд. Ба бритониеӣ дастур дода шуд, ки Руссияро дар давоми ду ҳафта тарк кунад.
Вазорати корҳои хориҷии Руссия Дейни Долакияро ба ҳайси вакили муваққатии корҳои Бритониё дар Руссия даъват карда, нота супорид. Дар идораи сиёсати хориҷӣ қайд карданд, ки Руссия ба фаъолияти кормандони эълоннашудаи Хадамоти махсуси Бритониё дар қаламрави худ тоқат намекунад. ВКХ инчунин таҳдид кард, ки агар Лондон “ба шиддат гирифтани вазъ равад, ҷониби Руссия ҷавоби қатъии онро медиҳад”.
Моҳи ноябри соли 2024 Вазорати корҳои хориҷии Руссия котиби дуюми бахши сиёсии сафорати Бритониё дар Маскав Уилкс Эдвард Прайорро аз аккредитатсия маҳрум карда буд. ХБФ ӯро дар “корҳои иктишофӣ-тахрибкорӣ, ки ба амнияти Руссия таҳдид мекунанд” айбдор кард. Моҳи феврали соли 2025 мақомоти Бритониё аккредитатсияи дипломатро аз Руссия бозхонд карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь