Сар карда аз 16 сентябр дар хатти парвози Сиан-Душанбе-Сиан парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мешаванд. Дар ин бора аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Парвозҳои мустақим аз ҷониби ширкати «Zhejiang Loong Airlines»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳафтае ду маротиба сурат мегирад.
Ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт барои густариши ҳамкории дуҷониба, рушди сайёҳӣ ва рафтуомади бемушкили шаҳрвандони ҳар ду давлат мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар масири Пекин-Душанбе-Пекин ва Қошғар-Хуҷанд-Қошғар низ парвозҳои мустақими ҳавоӣ шуруъ шуда буданд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани сиёсати «Осмони кушод» ҷуғрофияи парвозҳо меафзоянд.
Блоки рекламавӣ



