Парвоз аз тариқи хатсайри Самарқанд – Душанбе – Самарқанд, ки дар давоми се моҳ анҷом дода шуд, ба таври ниҳоӣ бекор карда шуд.
Сабаби ин кам будани талабот ба хатсайр буд.
“Шумораи мусофирон барои мавҷудияти минбаъдаи он кофӣ набуд”, – хабар додаанд дар намояндагии Ширкати Ҳавопаймоии Centrum Air дар Тоҷикистон. Ҳатто дар давраи парвозҳои фаъол ҳавопаймо пурра пур нашудааст.
Намояндагони ширкат қайд карданд, ки қарор дар бораи бекор кардани парвоз пас аз арзёбии дақиқи вазъ қабул карда шуд.
“Дар бораи барқарор кардани ин парвоз дар ояндаи наздик сухане нест” гуфтаанд аз ширкат.
Блоки рекламавӣ



