Ояндаи наздик байни шаҳрҳои Душанбе ва Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ сар мешавад. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибн Абдурраҳмон ар-Решайдон ҳангоми нишасти матбуотӣ ба ифтихори 95-солагии таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе ба намояндагони расонаҳои хабарӣ маълумот дода гуфт: «Парвозҳои мустақими ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Арабистони Саудӣ «Flaynas», ки собиқаи қариб 20 соли фаъолият дар бозори ҳавопаймоии Саудӣ дорад, иҷро карда мешаванд».
Ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ дар масири Душанбе-Ҷидда ба таҳкими ҳамкории иқтисодию соҳибкории ҳарду давлат, хусусан рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Сафир гуфт, ки чанде қабл дар Душанбе дар мулоқот бо Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, хусусан ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе ва Ҷидда муҳокима шуда буд.

Хатти парвози нав: Ҷидда-Душанбе-Ҷидда
Блоки рекламавӣ


