Ҳафтуми август мулоқоти директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия Кемал Юксек, роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоии «Туркиш Эйрлайнз», «Анадолу Ҷет»,  «Пегасус Эйрлайнз» доир шуд. Дар ин маврид аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд.

Дар вохӯрӣ масъалаи кашодани хатти парвози ҳавоӣ дар самти Анқара-Душанбе, Анқара-Хуҷанд, Анталия-Душанбе, зиёд намудани шумораи парвозҳо дар самти Истанбул – Душанбе мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Туркия иброз дошт, ки вобаста ба аудити дарпешистодаи соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ҷониби онҳо тайёр аст дар масъалаи ивази таҷриба дар соҳаи амнияти авиатсионӣ, иҷозатномадиҳӣ, рақамикунонӣ, тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи авиатсияи гражданӣ кӯмак кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь