11 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Пурфарзона баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла зиёд намудани шумораи парвозҳо ва ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар самтҳои Киш–Душанбе, Киш–Хуҷанд ва Шероз–Душанбе мавриди баррасӣ қарор доданд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар доираи татбиқи сиёсати «Осмони кушод», ки мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, барои тамоми намуди хизматрасониҳо, фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба андозаи 40 фоиз тахфиф пешбинӣ шудааст. Ин иқдом бо мақсади ҷалби ширкатҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои авиатсионӣ роҳандозӣ шуд.
Айни ҳол байни ду мамлакат аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкати ҳавопаймоии «Вориш Эйрлайнз» парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Шурӯъ аз 19 ноябри соли 2025 аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Раймонд Эйрлайнз» парвозҳои мунтазам дар самти Машҳад – Душанбе – Машҳад ҳафтае ду маротиба оғоз мегарданд.
Аз 28 ноябри соли 2025 оғози парвозҳои чартерии ширкати ҳавопаймоии «Киш Эйрлайнз» дар хатсайри Киш – Душанбе – Киш ба нақша гирифта шудааст.

Хатсайри нави ҳавоӣ: Киш–Душанбе, Киш–Хуҷанд ва Шероз–Душанбе
Блоки рекламавӣ


