Кормандони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, дар 6 моҳи соли 2025-ум зимни гузаронидани 1969 амалиёти назоратӣ нисбат ба 1956 нафар барои вайрон кардани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ба маблағи умумии 875 ҳазору 82 сомонӣ ҷарима татбиқ кардаанд. Дар ин бора сардори Сарраёсати мазкур Собирзода Қурбоналӣ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфти ӯ аз ин маблағ 99 дарсади он ситонида шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, шумораи ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 408 ҳолат ва ҳаҷми ҷаримаҳо 482 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Қайд гардид, ки инчунин, мақомоти корҳои дохилӣ 56 протокол бо маблағи умумии 20 ҳазору 990 сомонӣ тартиб додаанд, ки 61 фоизи маблағ рӯёнида шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 369 ҳолати зарар ба табиат ба қайд гирифта шуда, зарари умумӣ 376 ҳазору 170 сомонӣ муайян гардидааст. Аз ин миқдор 84 фоизи он рӯёнида шудааст, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь