29 август дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд ва аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида буданд, супорида шуд.
Дар ин маросим Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ширкат варзида, ҳозиринро ба муносибати рӯзи истиқлоли давлатӣ ва барои сарфароз гардидан ба мукофотҳои давлатӣ муборакбод гуфт.
Сарвазири мамлакат зикр намуд, ки Истиқлоли давлатӣ арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад: “Тамоми мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, хуб медонанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза чӣ қадар мушкилоти сахтро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки мардуми кӯҳанбунёди тоҷик сию чор соли охир тай намуд, масири пур аз монеаву мушкилот буд. Бинобар ин, Истиқлол ба маънои томаш нерӯи бузург, рамзи ободию озодӣ ва ҳамдиливу садоқатмандӣ мебошад”, – идома дод Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода.
Сарвазири мамлакат зимни табрики аҳли толор гуфт, ки имрӯз мардуми худшиносу ватандӯсти Тоҷикистон дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат беш аз пеш муттаҳидтар шуда, дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми шоиста мегузоранд.
Дар идома маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ва ба як қатор фаъолони вилоят сурат гирифт.
Дар фарҷом раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз номи фаъолони вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғамхориву дастгириҳои ҳамешагӣ миннатдорӣ баён намуд.
Зикр шуд, ки аҳли заҳмати вилояти Хатлон бо рӯҳияи баланди идона баҳри он ҷидду ҷаҳд доранд, ки дастовардҳои меҳнатиашонро боз ҳам афзун намоянд, корҳои созандагию бунёдкориро боз ҳам ривоҷ бахшида, ҷашни Истиқлоли давлатиро бо комёбиҳои арзанда истиқбол гиранд.

Хатлон: Тақдими мукофоти давлатӣ ба фаъолон
Блоки рекламавӣ


