Дар вилояти Хатлон давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 19620 ҳолати бастани ақди никоҳ ва 1668 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки бастани ақди никоҳ 1557 ҳолат ва ҷудошавӣ 74 ҳолат нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам мебошад.
Аламшозода Олуфтамо, иҷрокунандаи сардори шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати Адлияии вилояти Хатлон гуфт, ки дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 19 ҳазору 620 ҳолат ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 ҳазору 557 ҳолат кам мебошад.
Ӯ афзуд, ки дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 ҳазору 668 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати 10 моҳи соли 2024-ум 74 адад кам мебошад.
Аламшозода Олуфтамо, афзуд, ки баъди ҷудо шудани 1 ҳазору 166 оилаи ҷудошуда беш аз 1 ҳазору 318 нафар кӯдакони нобилиғ аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум мондаанд, ки аз ин 18 кӯдак дар тарбияи падар ва боқӣ дар тарбияи модар мебошанд.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки баҳри коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ аз ҷониби шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати Адлияии вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ пурзур кардаанд.

Хатлон: талоқу никоҳ кам шудааст
Блоки рекламавӣ


