Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон давоми соли 2025 ҳамагӣ 1950 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин омор нисбати ҳамин давраи соли гузашта 167 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Раёсати адлияи вилояти Хатлон Раҳмон Гулчеҳра, сардори Шӯъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии ин Раёсат иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки баъди ҷудошавии ин оилаҳо 1536 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум мондаанд.
Дар нишаст қайд гардид, ки дар ин давра 24 ҳазору 292 сабти бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Номбурда илова кард, ки дар соли гузашта 13 ҳолати бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки 8 нафари онҳо мард ва 5 нафарашон занон мебошанд. Бастани ақди никоҳ бо шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь