Бо пешниҳоди раиси вилояти Хатлон ва дар мувофиқа бо Роҳбари давлат 9 нафар муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таъин карда шуданд.
Чиллазода Холмаҳмад, муовини аввали раиси шаҳри Левакант, Хоҷазода Амиралӣ муовини якуми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Шерализода Искандар муовини якуми ноҳияи Ҷайҳун, Баротзода Шарифхон муовини раиси шаҳри Левакант, Маҷидзода Фотима муовини раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Аҳлиддини Абдуҷалил муовини раиси ноҳияи Шаҳритус, Юсуфзода Изатулло муовини раиси ноҳияи Балҷувон, Шарифзода Рустам муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Гулмуродзода Бибинисо муовини раиси ноҳияи Восеъ таъин карда шуданд.
Блоки рекламавӣ



