Дар нимсолаи аввали соли 2025-ум дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 26 адад иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, айни замон сохтмони 118 муассисаи таълимӣ ва 30 кӯдакистон идома дорад.

Аз МИҲД-и вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки 26 адад иншооти соҳаи маориф, ки дар 6 моҳи соли равон бунёд карда шудааст, дорои 206 синфхонаи иловагӣ буда, барои 10 ҳазору 434 ҷойи нишаст дар ду баст мебошанд. Гуфта шуд, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохмони зиёда аз 118 адад иншооти соҳаи маориф иборат аз ҳазору 157 адад синфхона бо фарогирии 57 ҳазору 850 ҷойи нишаст дар ду баст рафта истодааст. Қайд карда шуд, ҳоло дар вилоят сохтмони 30 адад муассисаҳои томактабӣ идома дорад. Ин муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Данғара-8 адад, Шаҳритус-3 адад, Восеъ, Қубодиён, Бохтар, Кӯлоб, Ҳамадонӣ-2 ададӣ, Левакан, Ҷайҳун, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Дӯстӣ, Балхӣ, Ёвон, Панҷ ва Носири Хусрав як адади мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь