Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хотири истиқбол аз ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангиву фароғати таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” бо иштироки масъулони мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва доираи васеъи сокинон баргузор гашта истодааст.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар доираи таҷлил аз ҷашни 34- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабиниҳои фарҳангӣ таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлол” баргузор гардида истодааст.
Масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гуфтанд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ ба хотири шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь