Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 6260 иншооти банақшагирифташуда, 5955 иншоот сохта ба истифода дода шудааст, ки ин 95 дарсади нақша мебошад. Дар ин бора зимни маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон иттилоъ додаанд.
Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 66 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бо 537 ҷойи корӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин муддат 2208 километр роҳ таъмиру азнавсозӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар ҷаласа гуфта шуд, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 66 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 60 ҳазор ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ мебошад. Музди миёнаи меҳнат 2170 сомонӣ буда, нисбат ба соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст.
Ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ ба 77 ҳазору 734 оила ва шаҳрвандони камбизоат ба маблағи умумии 52 миллион сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт намудаанд. Дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ бошад, ба гурӯҳҳои иҷтимоии эҳтиёҷманд, аз ҷумла собиқадорон, ятимон ва хонаводаҳои камбизоат ба маблағи умумии 85,5 миллион сомонӣ кӯмак расонида шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь