Кормандони мақомоти милитсияи Хатлон дар идомаи мубориза бо ашхосе, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғуланд, як қатор амалиёти санҷишӣ гузаронида, боз чанд ҳолати мардумфиребиро дар ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Шаҳритус, Қубодиён, ва Кушониён ошкор намуданд.

Ашхосе, ки худро миёни мардум “фолбин” ва “ҷодубарор” муаррифӣ намудаанд, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду боздошт шуданд, инҳоянд:

Бабабекова Мелихол Каримовна, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Кушониён, ҷ.д Бохтариён,

Сафарова Шодигул Гулматовна, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳи А. Ҷомӣ.деҳаи Дустӣ,

Тағаева Айтила Қурбоновна, соли таваллудаш 1955, сокини деҳаи Ҷорбоғи ноҳияи Шаҳритус,

Эргашева Иноятхон Ҳайталиевна, соли таваллудаш 1993, сокини деҳаи Кумкоши ноҳияи Шаҳритус,

Зиёвуддинова Хурсанд Асламовна, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи Роҳи нави ноҳияи Қубодиён, ки аз ҷониби кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳритус дастгир гардид ва Наимов Абдураҳмон Мустақимович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Кубодиён дастгир гардид.

Ҳар яке аз ин авомфиребон дар зеҳни муштариёни хурофотпарасти худ ба хотири ба даст овардани маблағҳои пулии бе ранҷ, ҳарфҳои пучу бемаъниро ҷой намудаву яке бо аловгардонӣ, дигаре бо пусту пашми ҳайвон табобати бемориҳо, гарму сард кардани муносибатҳои оилавӣ, додани тумору таштоб ва навохтани асбобҳои мусиқӣ, ки гуё метавонанд бо ин тарзу усул мушкилоти корафтодагонашонро осон намоянд, амалкардҳои зиддиҳуқуқияшонро идома медиҳанд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин ашхос дар манзилҳои истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, ба амалҳои фолбинӣ ва ҷодугарӣ машғул будаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба шахсони зикршуда тибқи моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь