Кумитаи тадорукоти “Озмуни вилоятии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ дар соли 2025” ғолибонро ба тариқи зайл эълон намуд:
НОМИНАИ “ШАҲРИ БЕҲТАРИН”
1. Шаҳри Кӯлоб, ҷойи якум, мукофотпулӣ 10000 сомонӣ;
2. Шаҳри Левакант ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
3. Шаҳри Бохтар, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ.
НОМИНАИ “НОҲИЯИ БЕҲТАРИН”
1. Ноҳияи Данғара, ҷойи якум, мукофотпулӣ 10000 сомонӣ;
2. Ноҳияи Ёвон, ҷайи дуюм, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
3. Ноҳияи Кӯшониён, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 3000 сомонӣ.
НОМИНАИ “ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН”
1. Ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.
НОМИНАИ “ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БЕҲТАРИН”
1. Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Ҷамоати деҳоти Кӯҳаншаҳри ноҳияи Балҷувон, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.
НОМИНАИ “МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН”
1. Маҳаллаи Сомониёни ҷамоати шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Маҳаллаи Тутқавули деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Маҳаллаи Синои деҳоти Терайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.
НОМИНАИ “ДЕҲАИ БЕҲТАРИН”
1. Деҳаи Сайроби деҳоти Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Деҳаи Зархези деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Деҳаи Дарқади деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.
НОМИНАИ “ХОНАИ ИСТИҚОМАТӢ”
1. Хонаи Тоҷиев Аваз, сокини деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ, ҷойи якум, мукофотпулӣ 6000 сомонӣ;
2. Хонаи Абдуллоев Қудратулло, сокини шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш, ҷойи дуюм, мукофотпулӣ 4000 сомонӣ;
3. Хонаи Файзуллоев Саодатмурод, сокини деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, ҷойи сеюм, мукофотпулӣ 2000 сомонӣ.
Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар вазъияти тантанавӣ муовини Сарвазири мамлакат Зиёзода Сулаймон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ғолибон супориданд.



