Дар толори Раёсати андози вилояти Хатлон бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон, сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Ҷӯрабеки Ҷумъа, кормандони Раёсат, соҳибкорони инфиродӣ ва як қатор шаҳру ноҳияҳо семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории семинари мазкур, баланд бардоштани сатҳи огоҳии андозсупорандагон тариқи барномаи электронӣ, пардохти маблағи андоз бе ҳозир шудан ба нозиротҳои андоз, ба қайдгирии соҳибкорон тариқи электронӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, гирифтани ЭНН тариқи электронӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ шуданд.
Дар семинар андозсупорандагони иштироккунанда ба масъулони доир ба фаъолияти соҳибкории хурд тариқи электронӣ суолҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.



